Таҷлили иди Меҳргон
Хучанд, 10 октябр.( АМИТ «Ховар», Самад Юсуфй).-Дар майдони марказии вилояти Суғд иди Мехргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид. Меҳргон иди ҳосилот аст, ки айёми ба эътидол омадани рӯзҳои тирамоҳ оғоз мегардад. Зимни таҷлили ин ид Маҳмудҷон Исоев- раиси Идораи кишоварзии вилоят иброз дошт, ки пахтакорони вилоят имсол дар майдони 65 ҳазор гектар пахта кишта, дар арафаи анҷоми ҷамъоварии ҳосиланд. ва аз хар гектар 30-40 сентнерӣ пахта месупоранд. Чӯрахон Ғозиев- мудири шӯъбаи бахши дар вилояти Сугд будаи Донишкадаи зироаткории Академияи илмҳои кишоварзӣ, дар бораи навоварӣ ва ихтироъкории кишоварзони вилоят ҳарф зад.Меҳру саховатмандӣ ва дастурхони ободу фаровонӣ рамзи фазилатҳои деҳқон аст. Дар пайравӣ ба ин суннати Мехргони ачдодӣ кишоварзони идораҳои махсулоттайёркунии вилоят барои аҳолии диёр ярмаркаи фурӯши маҳсулоти деҳқонӣ пешкаш карданд, то мардум аз Меҳргон баҳраманд гарданд. Ҷамъияти матлуботи вилоят ва Корхонаи воҳиди давлатии дар вилоят амалкунандаи Агентии захирахои моддии давлатии назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли маводи хӯрокиро бо нархи 30 % арзонтар дастраси мардум карданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






