Тайёраи нави Боинг — 737 ба Душанбе дорувор ва асбобҳои тиббӣ овард

Октябрь 3, 2011 16:05

Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Тайёраи  Боинг – 737  ширкати  «Сомон Эйр» ҳангоми  парвозаш  аз  Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико  ба  шаҳри  Душанбе  ба  Сафорати  ИМА  имкон  дод, ки  кӯмаки  башардӯстонаашро  ба  Тоҷикистон оварад.Тавре  дар  Сафорати  ИМА  дар  Тоҷикистон  иттилоъ  доданд,   дорувор  ва  асбобҳои тиббӣ  ба  таври  ройгон  дар  байни  беморхонаю  муассисаҳои тиббии  тамоми  қаламрави  Тоҷикистон  тақсим  карда  мешаванд. Вакили  муваққатии  корҳои  ИМА  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Хонум  Сера  Пенҳюн  дар  маросими  супурдани  кӯмаки  башардӯстона  дар   фурудгоҳи  байналмилалии  Душанбе  ба  кишвари  мо  овардани  доруовр  ва  асбобҳои  тиббиро, ки  маблағи онҳо   беш  аз 170  ҳазор доллари  ИМА – ро ташкил  медиҳад,   табрику  таҳният  гуфт. Хонум  Пенҳюн  чунин  иброз  дошт: «Умедворам, ки  дӯстию  ҳамкории байни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Иёлоти  Муттаҳидаи  Амрико,  ҳамчунин  миёни  чунин  муассисаҳо, монанди  «Сомон Эйр»  ва  Боинг  минбаъд  ҳам  рушду  густариш   хоҳад  ёфт».

Октябрь 3, 2011 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон