Ташрифи Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Минск
Маскав, 8 октябр.(АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).-Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ Сайдулло Хайруллоев ба шаҳри Минск ташриф овард. Ташрифоти Гурӯҳи дӯстӣ дар Ҷумҳурии Беларус се рӯз — аз 5 то 8 октябр идома ёфт.Тибқи Барномаи ташрифот рӯзи 6 октябр мулоқоти Гурӯҳи дӯстӣ бо Раиси Шӯрои Ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Анатолий Рубинов, Раиси Комиссияи доимии Шӯрои Ҷумҳурии Маҷлиси миллӣ Нина Мазай, Роҳбари Гурӯҳи кории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Комиссияи Палатаи намояндагони Маҷлиси Олӣ Александр Висоцкий ва аъзои Гурӯҳи корӣ доир гардид. Дар ҳамаи вохӯриҳо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов иштирок намуд.Дар рафти мулоқот роҳбари ҳайат Сайдулло Хайруллоев оид ба рушди парламентаризм ва равандҳои демократӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақши таърихии роҳбари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такомул ва густариши ин равандҳо, инчунин оид ба дастгирии мутақобилаи сиёсии ду давлат дар арсаи байналмилалӣ, муносибатҳои самимонаи роҳбарони ду давлат, саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Беларус А. Лукашенко дар пешрафти кишвар сухан гуфт.Ҷониби Беларус ташрифи Гурӯҳи дӯстиро ҳамчун саҳифаи тозаи муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ карда, густариши робитаҳои минбаъдаи байнипарлумониро пазироӣ намуд. Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ самтҳои ҳамкориҳои минбаъдаи байнипарлумонӣ ва роҳҳои амалисозии нақшаҳои дарпешистодаро муҳокима намуданд.Соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, робитаҳои фарҳангӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки муносибатҳои минбаъдаи дуҷониба арзёбӣ гардиданд.Худи ҳамон рӯз, инчунин вохӯрии ҳайат бо Раиси Президиуми Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Беларус бо кишварҳои хориҷӣ Нина Иванова доир гардид. Ҷонибҳо таъсиси ҷамъиятҳои дӯстиро дар Тоҷикистон ва Беларус мувофиқи мақсад донистанд.Рӯзи 7 октябр вохӯрии Гурӯҳи дӯстӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус бо муовини аввали вазир, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ Игор Петришенко доир гардид. Дар рафти сафар Гурӯҳи дӯстӣ бо фаъолияти корхонаҳои калонтарини Беларус – «Белкоммунмаш» ва заводи автомобилбарории Беларус «МАЗ», инчунин ҷойҳои таърихии Беларус шинос шуд. Дар ин бора ба мухбири махсуси АМИТ ”Ховар”дар Федератсияи Русия аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.








Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид






