Таъсиси Шӯрои Ваколатдорони ҳуқуқи инсони кишварҳои Осиёи Марказӣ

Октябрь 19, 2011 17:13

Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи  Хайруллоҳ). Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобила, табодули таҷриба ва мутобиқати ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон бо Принсипҳои Париж чанде пеш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Идораи Комиссари олии ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар меҳмонхонаи «ҲАЯТ Реҷенси» -и Душанбе вохӯрии Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дар доираи ин вохӯрӣ семинари минтақавӣ дар мавзӯи «Ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқи Принсипҳои Париж ва нақши онҳо дар пешгирии шиканҷа дар Осиёи Марказӣ»-ро баргузор намуд. Дар вохӯрӣ ва кори семинар роҳбари департаменти Идораи Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ оид ба Амрико, Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Намояндаи минтақавии Идораи Комиссари олии ҳуқуқи инсони СММ дар Осиёи Марказӣ, Намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон, муовини сардори шӯъбаи ниҳодҳои миллӣ ва механизмҳои минтақавии Идораи Комиссари олии ҳуқуқи инсони СММ, Намояндагони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ваколатдорони ҳуқуқи инсони  Қирғизистон,  Муғулистон, Роҳбари департаменти пешгирӣ ва мониторинги Идораи ҳуқуқи инсони Гурҷистон, намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва дигар шахсони расмӣ аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуданд.Дар семинари мазкур рушди низоми миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон дар минтақа, талаботи асосӣ ба ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон мувофиқи Принсипҳои Париж ва нақши онҳо дар пешгирии шиканҷа дар Осиёи Марказӣ, ҳамкории Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсон бо СММ, Сохторҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО ва дигар масъалаҳо мавриди   баррасӣ қарор гирифтанд.Яке аз мавзӯъҳои баррасишаванда марбут ба сохтори ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон буд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мутафовитанд. Ҳамчунин дар ин самт атрофи мустақилияти ин ниҳодҳо, хизматчии давлатӣ будани кормандони дастгоҳҳои Ваколатдор табодули назар карда шуд.Маърӯзаи дигар, ки барои иштирокдорон аз аҳамият холӣ набуд, ба низоми аккредитатсияи (гирифтани дараҷаи дахлдор) ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон аз ҷониби Кумитаи Байналмилалӣ Координатсионӣ (ICC) марбут буд. Дар маърӯзаи худ Офарин Шаҳидзода атрофи тартиб ва механизми гирифтани акредитатсия сухан ронд.Дар рафти семинар ҳамчунин дар самти ҳамкории Мақомотҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО, дидгоҳи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба фаъолияти ин ниҳодҳо табодули назар карда шуд. Дар ин замина намояндагони Созмонҳои ҷамъиятии «Нота-Бене», Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, Институти даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва ғайраҳо аз ҳамкорӣ бо Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, фаъолияти онро дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон новобаста аз он, ки ниҳоди навтаъсис аст, мусбат арзёбӣ намуданд. Ваколатдорони Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва дигар меҳмонон низ дар ин замина аз муваффақиятҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуда, дастовардҳояшро дар тули зиёда аз 2 соли фаъолият дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон назаррас арзёбӣ намуданд.Ҳамчунин Ваколатдорон ва иштирокчиёни семинар дар анҷом Эъломияи Душанберо қабул намуданд, ки яке аз бандҳои он ба таъсиси Шӯрои Ваколатдорони ҳуқуқи инсони кишварҳои Осиёи Марказӣ марбут буд. Зимнан бо таъсис додани чунин як Шӯро ҳамкории ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони минтақа дар самти ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон фаъол гардида, ба мушкилоти мавҷуда ҳар чӣ бештар расидагӣ карда мешавад. Дар анҷом меҳмонон аз натиҷаҳои ҳадафманд ва назарраси кори семинар сухан гуфта, хоҳони ҳамкориҳои бештари ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон дар самти ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон шуданд. 

Октябрь 19, 2011 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, душанбе, 216-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ озмун эълон менамояд
Дар Хоруғ даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» баргузор гардид