Татбиқи лоиҳаҳои кӯмаки башарии Ҷопон дар Тоҷикистон

Октябрь 27, 2011 09:40

Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-26 октябри соли 2011  Такааки Коматсу, Котиби саввуми Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Акбар Ятимов, раиси ноҳияи Варзоб дар маросими ифтитоҳи мактаби миёнаи №19 ҷамоати Деҳмалики ноҳияи Варзоб ширкат варзиданд.Лоиҳаи таҷдиди мактаби миёнаи №19 ҷамоати Деҳмалики ноҳияи Варзоб бо маблағи умумии 106,305 доллари амрикоӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ шуда буд, бо- муваффақият  ба итмом расид. Соли 1930 мактаби миёнаи № 19 дар ҷамоати Деҳмалик аз тарафи мардуми маҳаллӣ бо усули лойдевор сохта шуда, то ҳол хеле фарсуда гашта ва барои омӯзиш дар мавриди номусоид қарор дошт. Аз ҳисоби ноамнии шароити омӯзиш, деворҳои вайрон ва чакидани  шифтҳо, толибилмон ба омӯзиш таваҷҷӯҳи зиёд  надоштанд.Тавассути лоиҳаи мазкур иншооти нави мактаб бо чаҳор ҳуҷраи синфӣ ва ҳуҷраи муаллимон сохта шуда ва бо таҷҳизоти мактабӣ, аз қабили   мизу курсӣ ва компютер ҷиҳозонида шуд. Бинои нав ва таҷҳизот барои  зиёда аз 110 талаба муҳити мусоид ва беҳтарро муҳайё  месозад. Бинобар ин, лоиҳа омили асосӣ барои рушди бардавоми иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҷамоати Деҳмалики ноҳияи Варзоб саҳм мегузорад.Мавриди зикр аст, ки кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешаванд. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 то инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 274 лоиҳаи кӯмаки башариро ба маблағи умумии $20,1 миллион доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Октябрь 27, 2011 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад