Тоҷикистон ба кӯмаки байналмилалӣ зарурат дорад
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Намояндаи Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ зимни суханрониаш дар Ню – Йорк дар Кумитаи сеюми иҷлосияи 66 – уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки Тоҷикистон барои бартараф намудани монеаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар роҳи сӯи баробарии гендерӣ дар мамлакат ба кӯмаки байналмилалӣ зарурат дорад. Хусрав Нозирӣ қайд намуд, ки дар Тоҷикистон ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон таваҷҷӯҳи зиёде дода мешавад. Номбурда хабар дод, ки дар кишвар барномаҳои махсуси бахши маърифати духтарон ва баланд бардоштани дараҷаи дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ иштирок доштани занон вуҷуд доранд.Дар ҳоли ҳозир лоиҳаи қонуне тарҳрезӣ мешавад, ки мақсад аз он муборизаи зидди хушунат дар хонавода мебошад. Ба қарибӣ қонуни нав дар бораи аз 17 ба 18 расонидани синни аҳди никоҳ қабул шуд. Вале ҳамаи ин саъю кӯшишҳо ҳанӯз боиси ҳалли як қатор проблемаҳо, аз ҷумла проблемаҳои марбут ба камбизоатии байни занон, дараҷаи баланди фавти модару фарзанд дар мамлакат ва афзоиши теъдоди ҳодисаҳои парокандашавии оила нашудаанд.«Барои ҳалли ҳамаи ин проблемаҳо захираю механизмҳо ҷиҳати баланд бардоштани дараҷаи маърифатнокии аҳолӣ заруранд», — гуфт Хусрав Нозирӣ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






