Вохӯрии Омбудсмен бо ҳамватанони муқими Русия

Октябрь 27, 2011 14:19

Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дирӯз, 26 октябр  дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри  Маскав вохӯрии Зариф Ализода — Омбудсмен ё ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо  сафари кории серӯза ба Русия омада буд, бо ҳамватанони касбу кори гуногуни муқими Русия баргузор гардид.Дар вохӯрӣ З. Ализода перомуни  ҳадафи боздиди худ аз Русия, аз ҷумла дидору гуфтушунидҳояш бо Владимир Лукин – ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия, ки нимаи якуми рӯз ва бо иштироки кормандони Сафорат, аз ҷумла консул С. Ғаниева ва муовини роҳбари Намояндагии муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР С. Мирзоев доир гардид, сӯҳбат кард. Ӯ фазои хуби мулоқот ва баимзорасии Созишномаи ҳамкорӣ миёни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русияро  хотирнишон намуда, дар бораи баъзе нуктаҳои санади ҳамкорӣ изҳори назар намуд. Ба қавли омбудсмен имзои чунин санади ҳамкорӣ бо омбудсмени Қазоқистон низ дар назар аст.Гузашта аз ин, номбурда аз сатҳи хуби ҳамкориҳо бо Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловск, инчунин омбудсменҳои вилояти Твер ва шаҳру вилояти Маскав ёдрас шуда, аз нияти роҳандозии чунин равобиту тамосҳои наздик бо омбудсменҳо ва мақомоти расмии субъектҳои дигари Русия низ хабар дод. Дар мулоқот Абдулмаҷид Достиев — Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, раисони созмонҳои тоҷикон, намояндагони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР ва ВАО иштирок намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия  хабар доданд.

Октябрь 27, 2011 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд