Ғолиби лигаи чепионҳои Осиё маълум шуд.

Ноябрь 10, 2011 17:27

Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). –  Дирӯз дар варзишгоҳи Jeonju World Cup Stadium дар ҳузури беш аз 41 000 мухлис вохӯрии ниҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои Осиё бо ширкати дастаҳои  «Ҷеонбук Ҳундай Моторс» ва «Ал-Садд»-и Қатар баргузор шуд. Вохӯрӣ хеле пуршиддат гузашт .Қисми аввал бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 ва қисми дуввум 2 бар 2 ба анҷом расид .Вақти иловагӣ дар ҳисоби бозӣ тағйироте ворид накард. Дар задани силсилаи зарбаҳои 11- метраи баъди бозӣ футболбозони «Ал-Садд» маҳорати баланд нишон дода, бо натиҷаи 4 бар 2 ғалаба карданд ва соҳиби ҷом шуданд. Дар таърихи футболи Осиё ва Қатар аз дастаҳои ин кишвар бори аввал «Ал-Садд» соҳиби Ҷоми чемпионҳо гардидааст.

Ноябрь 10, 2011 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад