«Қадамҳои нахуст дар бахши тиҷорат»
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Моҳи октябри соли равон дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон татбиқи лоиҳаи «Қадамҳои нахуст дар бахши тиҷорат» оғоз ёфта буд. Ин лоиҳаро Ташкилоти ҷамъиятии «Маърифат» бо мадади молиявии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар амал татбиқ менамояд.Мақсади асосии лоиҳа ба ташкили тиҷорати шахсӣ ҷалб намудани занони деҳот мебошад. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа аз 15 то 23 ноябр ду семинар аз рӯи барномаи Ташкилоти байналмилалии меҳнат баргузор гардид, ки дар онҳо 40 нафар занони ноҳияи Хуросон иштирок доштанд.Қобили зикр аст, ки ташкилоти ҷамъиятии «Маърифат» барои сармояи аввалия ба даст овардани занон ҷиҳати рушди фаъолияташон ҳамаҷониба кӯмак мекунад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






