Қочоқчӣ ба мақсад нарасид
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 13 ноябри соли ҷорӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар вилояти Хатлон наздики 4 кг маводи мухаддирро кашф намуданд. Тавре аз маркази матбуоти ВКД ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, шаҳрванди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Абдуллоев Файзуллои 24-сола аз тарафи кормандони милиса барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуд.«Ҳангоми кофтукови шахсии боздоштшуда аз даруни халтаи селофании ӯ 3 килограмм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд»,-қайд намуд манбаъ. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






