Ҳаво дар рӯзи идҳо офтобист ё боронӣ?
Душанбе, 4 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар рӯзи таҷлили идҳои фархундаю муборак -Рӯзи қабули Конститутсия ва иди саиди Қурбон, ки ба 6 ноябр рост меоянд ҳаво дар ҷумҳурӣ бебориш ва офтобӣ пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин рӯз ҳаво дар вилояти Хатлон 15-20 дараҷа гарм, дар Суғд 10-15, дар ноҳияҳои тобеи марказ 12-17, дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8-13 дараҷа гарм ва дар Шарқи ВМКБ аз як дараҷа хунук то 4 дарҷа гарм мешавад. Ҳаво дар пойтахт –шаҳри Душанбе дар рӯзи таҷлили идҳо 15-17 дараҷа гарм мешавад.Бино ба иттилои Парвина Саидҷамолова, сардори шӯъбаи Муассисаи давлатии пешгӯии обу ҳавои ҷумҳурӣ дар санаи 7 ноябр ҳаво дар ҷумҳурӣ тағйир ёфта, боришот ба амал меояд. 8 ноябр бошад боришот бо вазидани шамол шиддат ёфта, дар натиҷа дар водиҳо борон ба барф мубаддал мегардад. Ҳамзамон, ҳарорати ҳаво аз 8- то 10 ноябр дар ҷумҳурӣ паст мефарояд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






