Ҳолати кишти тирамоҳӣ ва омодагӣ ба зимистон дар Суғд
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кишоварзони вилояти Суғд дар мавсими имсола ба нақша гирифтаанд, ки дар майдони 34 ҳазору 500 гектар ғалла ва дар майдони 1029 гектар сабзавоти барвақтӣ кишт намоянд.Айни ҳол ин нишондиҳандаҳо мутаносибан 61,2 ва 100,5 фоиз амалӣ гардида, дар ин самт корҳо идома доранд. Ҳамчунин, барои таъмини аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо маҳсулоти кишоварзӣ ба кормандони ташкилоту идораҳо бо нархи нисбатан арзон дастрас намудани маводи ғизоӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳар ҳафта ярмарка- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст. Мавриди ёдоварист, ки дар марказҳои шаҳрҳои саноатии вилоят то имрӯз 10 маротиба ярмарка ташкил карда, зиёда аз 3800 тонна маҳсулоти нисбат ба нархи миёнаи бозор 20-30 фоиз арзон пешкаши аҳолӣ гардонида шуд.Дар хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 баҳри таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ аз тарафи Иттифоқи матлуботи вилоят то имрӯз 2480 тонна картошка, 4100 тонна сабзавот, 440 тонна меваи тар, 430 тонна полезиҳо ва 657 тонна ғалла захира шудааст.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






