Ҳурмати пиронро ба ҷо орем

Ноябрь 8, 2011 10:01

Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар арафаи Иди Қурбон собиқадорони меҳнат, ходимони намоёни сиёсӣ ва давлативу ҷамъиятиро аёдат карда, онҳоро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Қурбон табрик гуфта, дастовезҳои идона тақдим намуд. Аз маркази матбуоти маъмурияти Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар  рӯзҳои ид роҳбарият ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вакилони Маҷлиси шаҳрии вакилони халқ, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, соҳибкорон ва ашхоси саховатпеша пирони кор, маскунони Хонаи маъюбон, Хонаи ятимон, мактаб – парваришгоҳи махсус, кӯдакистонҳои маъюбони модарзодро аёдат намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ карданд.

Ноябрь 8, 2011 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад