Ҳ. Зарифӣ: «Тоҷикистон омодааст дар чаҳорчӯби қонунгузории кишвар ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ қазияро ҳал кунад»

Ноябрь 11, 2011 09:59

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.Тавре аз департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат масъалаи шаҳрванди рус Владимир Садовничий, ки аз ҷониби Суди шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон маҳкум шудааст, мавриди муҳокима қарор гирифт. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳамтои худ иттилоъ дод, ки дар рафти баррасии парванда мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми меъёрҳои мурофиавиро, ки аз ҷониби қонунгузории миллии кишвар ва ӯҳдадориҳои байналмилалии он пешбинӣ гардидаанд, риоя кардааст. Ҳамрохон Зарифӣ изҳори таассуф намуд, ки нисбат ба парвандае, ки ба нақзи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дорад, феъли сиёсӣ таҳмил карда шудааст. Дар бобати арзи ҳамтои худ перомуни сари вақт надодани маълумот дар бораи шаҳрванди дастгиршудаи Федератсияи Русия, ӯ қайд намуд, ки дар давраи тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ва Сафорати Русия дар Тоҷикистон оид ба парвандаи мазкур на шифоҳӣ ва на хаттӣ ягон маротиба ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат накардаанд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон радифи муносибатҳои шарикии стратегиро бо Русия қатъиян пайравӣ мекунад ва бар он аст, ки зимни баррасии масъалаҳои шабеҳ онҳо мебояд ба робитаҳои зичи бисёрасраи миёни ҳарду кишвар такя намуда, масъалаҳои ба миёномадаро тариқи гуфтушунид дар фазои дӯстӣ ва ҳамкорӣ ҳал кунанд. Вазири корҳои хориҷии Русия С. Лавров фикру мулоҳизаҳои худро доир ба масъалаи зикргардида иброз дошта, аз ҷониби Тоҷикистон мусоидатро дар ҳалли мушкилоти мазкур хоҳиш намуд.Ҳамчунин гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Эстония Урмас Паэт баргузор гардид. Дар рафти сӯҳбати телефонӣ масъалаи вобаста ба шаҳрванди Эстония Алексей Руденко, ки дар Тоҷикистон маҳкум шудааст, баррасӣ гардид. Вазири корҳои хориҷии Эстония изҳори сипос намуд, ки ҷониби Тоҷикистон сари вақт ба муроҷиати ҷониби эстонӣ ҷавоб дод ва ба иштироки намояндагони Эстония дар мурофиаи судӣ мусоидат намуд. Ҳамзамон Урмас Паэт аз ҳукми эълоншуда изҳори нигаронӣ карда, онро «сахт» номида ва хоҳиш намуд, ки барои баррасии шикояти кассатсионӣ кӯмак расонад. Ҳамчунин ӯ пешниҳод намуд, ки дар оянда Созишнома дар бораи истирдоди маҳкумшудагон миёни ду кишвар ба имзо расонида шавад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳамтои худ аз ҳамкории дуҷонибаи пурсамар изҳори сипос гуфт. Оид ба масъалаи маҳкумшуда ӯ қайд намуд, ки дар рафти дастгирӣ ва маҳкум намудани Алексей Руденко мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ тамоми меъёрҳои мурофиавиро риоя кардаанд. Ҳамзамон, ҷониби тоҷикистонӣ омодааст дар чаҳорчӯби қонунгузории кишвар ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар ҳалли ин қазия мусоидат намояд. 

Ноябрь 11, 2011 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад