Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 17 ноябр дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад.Тавре дар Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иштирокдорони ҷаласа бояд беш аз 20 масъалаи марбут ба ҳамкории ҳарбию шаҳрвандиро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Аз ҷумла сарони идораҳои мудофиавӣ маҷмӯи масъалаҳои такмили системаи муттаҳидаи мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоии ИДМ, рушди системаи иттилоотию таҳлилии таъмини бехатарии парвози ҳавопаймоҳо, ташкили Системаи муттаҳидаи назорат ва арзёбии вазъи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии вазоратҳои мудофиаи давлатҳои Иттиҳодро муҳокима менамоянд. Дар хадамоти матбуот зикр намуданд, ки масоили бахшида ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи низомӣ, варзиш, мубодила ва истифодаи иттилооти бойгонӣ низ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






