Ҷовидон парафшон бод !

Ноябрь 23, 2011 14:20

Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳазрат Сабоҳӣ). – Дар ин рӯзҳо дар созмону идораҳо, донишгоҳу донишкада ва пажӯҳишгоҳҳо, ширкату корхонаҳо ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ конфронсҳо, ҷамъомадҳо ва маҳфилҳои идона баргузор мегарданд ва дар онҳо аз нақшу моҳияти яке аз рамзҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ — парчами давлатӣ сухан меравад. Парчами давлатии Тоҷикистон бо он тарҳе, ки имрӯз дорад, дар моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16 – ум, дар иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд қабул гардида буд. Дар ин иҷлосия ҳамчунин сулҳу суботи кишвар ва ваҳдати миллӣ поягузорӣ шуд. Парчами миллӣ дар он марҳилаи нисбатан пурташвиши таърихи кишвар, ки ҳифзи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти миллии он аз вазифаҳои ниҳоят муҳим ва нахустдараҷаи мардум ва давлат буд, ба маънии томи калима ҳамчун рамзи ваҳдати миллӣ, ватанхоҳӣ ва ватандӯстӣ, ҳамчун тимсоли озодиву истиқлол парафшонӣ намуд, халқи кишварро ба гирди худ фаро хонд. Аз сӯи дигар, Парчами миллии Тоҷикистон дар бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид барафрохта шуд. Парлумони кишвар дар соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи рамзу нишонҳои давлатӣ тасдиқ намуд, ки дар он Парчами миллӣ ва Нишони миллӣ ба сифати тимсолҳое, ки давлатдорӣ, истиқлолият, мақсаду маром, ҳуввият ва нангу номуси мардумро ифода мекунанд, зикр гардида, ҳамчун муқаддасоти миллӣ арзёбӣ шудаанд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 иловаҳоро ба Қонун дар бораи ҷашну идҳо тасдиқ кард ва 24 ноябрро ба унвони Рӯзи гиромидошти Парчами миллӣ эълом намуд.Дар дуввумин соли гиромидошти Парчами миллӣ бо ибтикори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди баландтарин бурҷи Парчами миллӣ санги асос гузошта шуд. Баландии бурҷи Парчами миллӣ ба 165 метр баробар буда, дар фарози он ливое, ки арзаш ба 30 метр ва тӯлаш ба 60 метр мерасад, бо се ранге, ки барои мардуми мо таърихан муқаддас аст, ҷило медиҳад. 30 августи соли ҷорӣ маросими кушоиши баландтарин бурҷи Парчами миллӣ дар ҷаҳон бо ширкати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, масъулини давлату ҳукумат, меҳмонони хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Бурҷи парчами миллӣ дар муҷтамаи хеле зебо, ки аз Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ, Боғи ба номи устод Рӯдакӣ, Осорхонаи миллӣ ва биноҳои дигар иборат аст, қомат афрохт. Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушоиши бурҷи Парчами миллӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла чунин изҳор дошт: «дар паёми табрикии худ ба муносибати таҷлили дуввумин солгарди Рӯзи парчам пешниҳод карда будам, ки ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ, инчунин бо назардошти нақшу моҳияти он дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум яке аз майдонҳои пойтахти кишвар ба номи Парчами миллӣ номгузорӣ гардад. Ва ҳоло эълом медорам, ки аз ҳамин лаҳза ин мавзеи ободу дилкаш Майдони Парчами давлатӣ номида шавад».Сарвари давлат ҳамчунин изҳори итминон намуд, ки хурду бузурги мардуми шарафманди тоҷик баробари ворид шудан ба ин мавзеи зебоманзар – Майдони парчами миллӣ эҳсоси ватандӯстиву ифтихормандии бештаре мекунанд, минбаъд низ дар зери Парчами миллӣ муттаҳид мешаванд, бо муҳаббату садоқат барои ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти кишвари соҳибистиқлоли худ саъю талош менамоянд.Дар Рӯзи гиромидошти Парчами миллӣ бо ифтихор ва меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба меҳани хеш иброз медорем: парчами миллии мо ҷовидон парафшон бод!

Ноябрь 23, 2011 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026-2030» баррасӣ шуд
Тоҷикистон ислоҳоти муассир ва одилонаи воситаҳои молиявии байналмилалиро ҷонибдорӣ менамояд
Мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошанд
Дар Душанбе Мусобиқаи «Дави дӯстӣ» баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Сангвор бо афсарону сарбозон вохӯрии судманд баргузор гардид
HUAWEI маҳсулоти инноватсионии худро дар Париж муаррифӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар шаҳри Новосибирски Русия гӯшаи забон ва адабиёти тоҷик ифтитоҳ ёфт
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳаким Фирдавсӣ камоли бузургвории устод Рӯдакиро дар забону адаби мо дар «Шоҳнома» мавриди ситоиш қарор додааст