156 ҷиноят марбут ба моликияти зеҳнӣ ва ҳуқуқи муаллиф

Ноябрь 11, 2011 16:23

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҳифзи иншооти  моликияти зеҳнӣ» бо иштироки кормандони идора ва ташкилотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ машварат баргузор гардид.  Дар он сармутахассиси шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Шоназаров, мудири шӯъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Муқимов, сардори шӯъбаи мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Убайдулло Одинаев ва дигарон сухан гуфта, доир ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии марбут ба соҳа, ҷараёни мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ маълумот доданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар ҷумҳурӣ давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ 156 ҷинояти марбут ба моликияти зеҳнӣ ва ҳуқуқи муаллиф ба қайд гирифта шудааст.

Ноябрь 11, 2011 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад