20 адад таҷҳизоти обкаши барқии ҷарроҳӣ ба муассисаҳои тиббии Суғд
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Харидории 20 адад обкаши барқии ҷарроҳӣ рӯзҳои наздик ба маблағи 390 ҳазор сомонӣ барои муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд дар назар аст.Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар вилояти Суғд 26 шӯъбаи наҷот ва мадҳушкунӣ фаъолият дорад, ки дар он 148 нафар духтур кор мекунад.Дар шӯъбаҳои номбурда айни замон 82 адад таҷҳизоти нафаси сунъӣ мавриди истифода қарор дорад.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар соли 2011 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои харидорӣ намудани таҷҳизоти муосир 1 миллион сомонӣ ҷудо гардида, барои беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба маблағи 27 000 сомонӣ як адад гастро-фиброскоп, бронхофиброскоп, колоноскоп, микроскопи отолорингологӣ ва як адад обкаши барқии ҷарроҳӣ харид шуд.Ҳамчунин, дар муассисаҳои тиббии шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Б.Ғафуров, Хуҷанд, ҷамъ ба маблағи наздик ба ним миллион сомонӣ таҷҳизоти нави тиббӣ насб гардидааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






