5 ноябр-Рӯзи театри тоҷик

Ноябрь 3, 2011 17:43

Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-5 ноябр дар театри давлатии ҷавонони ба номи М.Воҳидов Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад. Тибқи анъана дар ин чорабинӣ  роҳбарони   театрҳои драмавӣ, мусиқӣ-мазҳакавӣ, таҳиягарон, ҳунармандон ва  кормандони фарҳанг  иштирок мекунанд. Дар қисмати расмии чорабинӣ маросими тӯҳфасупорӣ доир мешавад, ки зимни он вазири фарҳанги кишвар Мирзошоҳрух Асрорӣ ба зиёда аз 100 нафар ҳунарманд ва корманди театрҳои ҷумҳурӣ нишони «Аълочии фарҳанги ҶТ», ифтихорнома  ва мукофоти пулӣ месупорад. Бахшида ба рӯзи театр бори аввал ба тамошобинон  намоишномаи нави театри ҷавонони пойтахт ба номи М. Воҳидов «Поёни шаби сиёҳ сафед аст»  дар таҳияи ҳунарманди халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров намоиш дода мешавад.  Ёдовар мешавем, ки нақшҳои асосии намоишномаро ҳунармандони  боистеъдоди театр Ҳотами Равшан, Ниёзмат Мӯсоев, Абдумӯъмин Шарифов ва дигарон иҷро менамоянд.

Ноябрь 3, 2011 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад