Амонатбонк: пешгириҳо дар фаслҳои тирамоҳу зимистон
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Аз Хадамоти матбуот ва рекламаи БДА ҶТ «Амонатбонк» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки вобаста ба Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012» «Амонатбонк» ҷиҳати захираи маҳсулоти ғизоӣ дар фасли зимистон, барои кормандони дастгоҳи марказии бонк як миқдор маводҳоро бо нархҳои арзон дастрас намуд.То имрӯз ба кормандон аз маҳсулоти ниёзи ҳаррӯза 40 тонна картошка, 15 тонна пиёз, дар ҳаҷми 3 тонна наск, нахӯд, лубиё, 6 тонна биринҷ, 4 хазор дона тухми мурғ бо нархи 30-40% нисбат ба нархи бозор арзонтар дастрас шуд.Раёсат ва роҳбарияти бонк ин иқдомро дар давраи тирамоҳу зимистони соли равон идома хоҳанд дод.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






