Анҷоми тамринот дар Қайроққум
Душанбе, 4 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар шаҳри Қайроққум машқҳои амалии гурӯҳҳои миллии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон /ҶҲАТ/ оид ба вокуниш ба офати табиӣ (NDRT) анҷом ёфт. Иштирокдорони ин давра муддати ду рӯз дониш ва маҳорати худро дар мавриди вокуниши сареъ ба офатҳои табиӣ такмил намуданд. Ин чорабинӣ бо ибтикори ҶҲАТ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар /ФБҶ СС ва ҲА/, мақомоти вилояти Суғд ва шаҳри Қайроққум бо маблағгузории ФБҶ СС ва ҲА гузаронида шуда, 70 нафар аз кормандону ихтиёриёни бахшҳои минтақавии ҶҲАТ дар Душанбеву Хатлон, Суғду Бадахшон ва водии Рашт дар ин тамринот омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ, баҳодиҳӣ, таъмин бо паноҳгоҳ, барқарорсозӣ, ҳамоҳангсозӣ, расонидани ёрии аввал ва логистикаро омӯхтанд. Эрик Мишел-Селйе, фиристодаи ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон ва Зафар Муҳаббатов, дабири кулли ҶҲАТ мегӯянд, ки баргузории ин чорабинӣ имконияти воқеии омӯзишӣ ва қадами устувореро барои табодули таҷриба ва дониш ба вуҷуд овард. Иштирокдорони давра ҳамчунин бо сохтори бахши мудирияти офатҳои ФБҶ СС ва ҲА, истилоҳоти соҳа ва ташреҳоти онҳо, василаҳои ФБҶ СС ва ҲА барои вокуниш ба офатҳои табиӣ шинос гардиданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






