Аввалин сокинони қасабаҳои нав муайян шуданд

Ноябрь 4, 2011 17:28

Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз заминҳои қасабаҳои 1-ум ва 2-юми шаҳри Хуҷанд барои сохтмони манзил дар ҳузури соҳибони ояндаашон – аввалин сокинони ин минтақаи доманакӯҳ тақсим гардиданд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов онҳоеро, ки дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди Қурбон соҳиби сертификат ва қитъаи замин шуданд, табрик намуд ва изҳори  умед кард, ки бо бунёди садҳо хонаҳои истиқоматӣ, иморатҳои хуштарҳу зебо, марказҳои савдою хизматрасонии маишӣ, майдончаҳои варзишӣ,  бо кӯчаҳои васею чароғон ва канорашон сердолу дарахт ин мавзеи хушбоду ҳаво ба як гӯшаи сабзу хуррам ва дилрабои шаҳри Хуҷанд табдил хоҳад ёфт.Дар ин мавзеъ 49,2 гектар замин барои тақсимот ба аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Дар  рӯзи аввали тақсими қитъаи замин 127 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуданд ва   рӯзҳои наздик аз ҳамин мавзеъ боз  70 нафар қитъаи заминро соҳиб мегарданд.

Ноябрь 4, 2011 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад