Барномаи рушди СММ барои Тоҷикистон 35 миллион доллар ҷудо мекунад

Ноябрь 29, 2011 15:38

Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). – 28 ноябр дар меҳмонхонаи «Серена» маросими имзои ҳуҷҷатҳои байни ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти Барномаи рушди СММ дар мавриди маблағгузории марҳилаи дуюми истифодаи қарзҳои бебозгашти Бунёди ҷаҳонӣ ба маблағи умумии беш аз 35 миллион доллар баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони Вазорати нигаҳдории тандурустии ҷумҳурӣ, Барномаи рушди СММ, ҳамчунин бархе созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳо ширкат доштанд.Тавре дар намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маросимро муовини аввали вазири тандурустии ҶТ Саида Ҷобирова ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки барои расидан ба мақсадҳои рушди ҳазорсола, бояд ҷиҳати аз байн бурдани чунин бемориҳо, аз қабили сил, вараҷа ва ВИЧ/СПИД чораҳои зарурӣ дида шаванд. Маблағгузорӣ барои расидан ба ин ҳадаф ба туфайли фаъолияти созандагии бахши давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва хусусан мақоми Барномаи рушди СММ имконпазир гардид.Ҳамоҳангсози доимии СММ, намояндаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев дар навбати худ ба ҳукумати ҷумҳурӣ ва 45 созмони маҳаллию байналмилалӣ барои мададашон ба коҳиш додани бори гарони ВИЧ/СПИД ва бемориҳои силу вараҷа изҳори миннатдорӣ кард. Ӯ зикр намуд, ки Барномаи рушди СММ барои дастгирии ислоҳоти бахши тандурустии ҷумҳурӣ кӯмаки зарурӣ мерасонад ва хоҳад расонд.

Ноябрь 29, 2011 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад