Баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ҷопон
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Вазорат бо муовини Директори Ҷамъияти Ҷопон оид ба савдо бо Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO) Ваҷима Мики сурат гирифт. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд баҳри рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ибрози назар намуданд. Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ бо муовини директори Ҷамъияти Ҷопон оид ба савдо бо Россия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил атрофи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби созмони мазкур дар бахши хусусӣ, кишоварзӣ, омӯзиши таҷриба ва дигар самтҳои бахши иқтисодию иҷтимоӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






