Баррасии масоили ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирон

Ноябрь 22, 2011 14:41

Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Зимни мулоқоти муовини аввали сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Бобоев ва мушовири Бонки Умумиҷаҳонӣ Томас Ачакосо бо вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов масоили ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар мулоқот масъалаҳои касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, истифодаи маблағҳои интиқолшавандаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, ҳамчунин бимаи иҷтимоӣ ва ҳифзи меҳнаткашон баррасӣ шуданд. Мувофиқи хабари маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон М.Маҳмадаминов ба Намояндагии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон барои саҳмаш ба ҳалли проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ изҳори миннатдорӣ карда ва иброз дошт, ки ҳамкории ҷонибайн минбаъд ҳам рушд хоҳад ёфт.

Ноябрь 22, 2011 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад