Баррасии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина

Ноябрь 1, 2011 16:13

Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). —   31 октябри соли 2011 дар Киев вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо Раиси Комиссияи байниҳукуматӣ аз Украина оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазири рушди минтақавӣ ва сохтмони Украина Анатолий Близнюк баргузор гардид.Зимни сӯҳбат масоили муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина баррасӣ шуданд. Тарафҳо ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карданд. Сафир Ш. Султонов ҳавасмандии Тоҷикистонро дар истифодаи иқтидори бузурги Украина баҳри робитаҳои мутақобилаи судманди иқтисодии ду кишвар, роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, рушди минбаъдаи корхонаҳои муштарак иброз намуд. Сарфи назар аз он, ки дар нимсолаи аввали соли 2011 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта афзоиши гардиши мутақобилаи бозаргонӣ ба 43 % расонида шуд, вале дар маҷмӯъ, ба ақидаи дипломат, ҳаҷм ва сатҳи ҳамкории дуҷониба ба имконоти мавҷуда  мутобиқ нестанд. Дар ҷараёни мулоқот ба мақсади фаъолгардонии минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ, муайянсозии самтҳои мушаххаси густариши муносиботи дуҷониба   салоҳ дониста шуд, ки оғози моҳи декабри соли 2011 дар шаҳри Киев ҷаласаи III Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ барпо карда шавад.

Ноябрь 1, 2011 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд