Баррасии низоми интихоботӣ ва меъёрҳои байналмилалии он дар Тоҷикистон

Ноябрь 22, 2011 10:14

Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 22 ноябр дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Инкишоф ва такомули низоми интихоботӣ дар Тоҷикистон: меъёрҳои байналмилалии интихобот» ба кори худ шурӯъ кард, ки то 23 ноябр идома мекунад.Кори мизи мудавварро раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Шермуҳаммад Шоҳиён оғоз карда, ҳамчунин мушовири калони Президенти ҶТ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Содиқ Шоназаров, раиси Шӯрои адлия Зафар Азизов ва сардори шӯъбаи робитаҳои минтақавии Комиссияи венетсиягии Шӯрои Аврупо Сергей Кузнетсов низ сухан гуфтанд. Дар давоми ду рӯзи кори мизи мудаввар 11 маърӯза шунида ва мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Доираи мавзӯъҳои маърӯзаҳо хеле васеъ буда, назария, таҷриба ва роҳҳои такомули низоми интихобот дар Тоҷикистон, меъёрҳои конститутсионӣ доир ба интихобот дар Тоҷикистон, танзими ҳуқуқии ташвиқоти пешазинтихоботӣ, таъмини иттилоотии интихобот, ҳуқуқу вазифаҳои комисияҳои интихоботӣ, меъёрҳои байналмилалии интихоботи демократӣ, баррасии арзу шикоятҳои субъектҳои интихобот аз ҷониби судҳо ва дигар масъалаҳои ҷараёни ташкил, омодагӣ ва баргузории интихоботро фаро мегиранд. Маврид ба зикр аст, ки мизи мудаввар бо ташаббуси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Комиссияи венетсиягӣ баргузор шуда, дар он масъулини ҷараёни интихобот аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва намояндагони мақомоти дахлдор ва коршиносони байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Ноябрь 22, 2011 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад