Бо «Хайр» хайр гуфтанд.

Ноябрь 3, 2011 16:16

Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). –  Хабари аз бозиҳои чемпионати мамлакат байни клубҳои лигаи олӣ даст кашидани тими  «Хайр»-и шахри Ваҳдат барои мухлисонаш пеш аз бозиҳои даври 37-ум зарбаи хеле гарону сангин буд. То ин давр футболбозони ин даста аз худ маҳорати баланд нишон дода,  дар зинаи ифтихории чорум қарор доштанд, вале мушкилии аз ҳама асосӣ — маблағгузорӣ барои дастаҳои футбол  дастаи хуберо ба коми худ фурӯ бурд. Албатта, ин ҳодиса дар доираи футболи ҷумҳурӣ нав нест. Чемпионҳои Тоҷикистон чун « Помир»-у «Ситора»-ю «Варзоб»-и Душанбе, соҳиби ҷоми ҷумҳурӣ «Пахтакор»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Истаравшан» ва амсоли инҳо маҳз аз ҳамин сабаб беному нишон гаштанд. Магар дар сатҳи баланд ҳал кардани ин мушкилӣ мумкин нест. Чӣ бояд кард? Дур нест, ки боз дастаҳои нав ба нав тарки бозӣ кунанд. Алҳол то анҷоми чемпионат 9 даври дигар боқӣ мондааст.Бозии марказии даври 37-ум  вохӯрии байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Вахш» ба ҳисоб мерафт. Регариҳо бо натиҷаи  4:2 ғалаба карданд. Дар ин давр «Парвоз»  бар «Гвардия» бо бартарии 5 бар 1, ССКА «Помир»  дар сафар бар «Шодмон»  3 бар 2 ғалаба карданд.«Энергетик»- и  Душанбе ҳамчун мизбон «Равшан»- и Кӯлобро дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб ба ҳузур пазируфт, зеро мақомоти ҳифзи тартибот гузаронидани бозиро дар варзишгоҳҳои шаҳри Душанбе аз нигоҳи амният раво надонистанд. Дар натиҷа ин вохӯрӣ ба нафъи футболбозони шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби   2 бар 3 ҷамъбаст шуд. Байни нишонзанҳои беҳтарин ҳанӯз Фозил Сатторов аз дастаи «Равшан»   бо 20 гол  садрнишин аст. Комил Саидов аз ССКА «Помир» бо 19 гол ва  Габриэл Донто аз «Энергетик» бо 18 туб ӯро пайгирӣ мекунанд.

Ноябрь 3, 2011 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад