Боздиди Сарвари давлат аз хоҷагии ниҳолпарварии Сомон-Хатлони ноҳияи Ҳисор

Ноябрь 8, 2011 08:38

Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 7 ноябр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии ниҳолпарварии Сомон-Хатлони ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, бо кори ниҳолпарварону гулпарварони асили он аз наздик шинос шуд.Зимни боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии ниҳолпарварии Сомон-Хатлони ноҳияи Ҳисор, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он дорои 33 гектар замин мебошад ва дар 20 гектараш парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда ба роҳ монда шудааст.Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло дар ин қитъаи 20 – гектара 50 ҳазор ниҳоли зардолу, 50 ҳазор себу нок ва беш аз 100 ҳазор навниҳоли ангўри кишмиш барои бурда, шинондану боғу токзор бунёд кардан омода аст.Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки бо назардошти талаботи рўзафзуни дохилию хориҷӣ дар ин ҷо парвариши беш аз 1 миллион навниҳоли ангўри кишмиш ба роҳ монда шавад.Қисмати зиёди ниҳолҳои ин хоҷагӣ дар мавсими ояндаи ниҳолшинонӣ ба боғу токзори хоҷагии боғпарварии Асадулло, ки дар мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон қарор дорад, бурда шинонда мешаванд, зеро тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон майдону боғу токзор дар ин мазеъ бояд ба зиёда аз 3 ҳазор гектар расонда шавад.Дар воқеъ хоҷагии ниҳолпарварии Сомон-Хатлон қудрат дорад, ки садҳо ҳазор ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ороишию сояафканро ба дўстдорони шуғли боғутокпарварӣ пешниҳод намоянд, зеро танҳо дар қитъаи 13 гектараи заминҳои ин хоҷагӣ беш аз 1 миллион ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо парвариш меёбанд.Дар ин хоҷагӣ, қариб 100 нафар мутахассисони касбӣ ва дўстодорони боғдорию гулпарварӣ машғули коранд, ки аксари онҳоро занону духтарон мебошанд.Ба гуфти мутахассисони варзидаи ин хоҷагӣ, кори босамари чунин хоҷагиҳо имкон медиҳад, ки Тоҷикистон пурра талаботи худро бо навниҳоли ҳамаи намуди дарахт ва гулу гулбуттаҳо таъмин намуда, ҳамчунин ба хориҷа содирот намояд.Аҳли хоҷагӣ пайваста табъи болида доранд, зеро бо шуғли дўстдоштаи худ машғул шуда, ҳам фоидаи иқтисодӣ мебинанд ва ҳам аз покию таровати ҳавои миёни гулзору боғоти рўҳафзо баҳра мебаранд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 8, 2011 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст