БРО дар бахши интернетбанкинг ҳамкорӣ кардан мехоҳад
Душанбе, 18 ноябрь (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 17 ноябри соли ҷорӣ дар бинои марказии БДА «Амонатбонк» вохӯрии муовини раиси «Амонатбонк» Абдуманнон Саидов бо намояндагони Бонки рушди Осиё баргузор гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуот ва рекламаи БДА ҶТ «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо аз вазъи фаъолияти ташкилотҳои молиявӣ дар самти интернетбанкинг ва дигар барномаҳои тахассусии электронии бонкдорӣ сӯҳбат намуда, маълумот ва далелҳои мӯътамад доир ба фаъолияти якдигар пешниҳод намуданд. Раванди ҷаҳонишавии хизматрасониҳои молиявӣ рӯз то рӯз ба самти электроникунонӣ ва истифода аз техника ва технологияи электронӣ майл гирифта, мутобиқгардонӣ ба хизматрасониҳои сатҳи байналмиллалӣ бонкҳои кишварро низ ба ҷорӣ намудани таҷрибаҳои мазкур водор менамояд. Ҳамчунин дар мулоқот қайд гардид, ки Амонатбонк дар чанд соли охир чун бонки рушдкунанда дар самти гузариш ба хизматрасониҳои муосир шинохта шудааст. Аз ҷумла, гузариш ба барномаҳои муосири молиявӣ, ҷорӣ намудани хизматрасониҳо тавассути кортҳои бонкӣ, инкишоф ва вусъати доманадори интиқоли маблағҳои аҳолӣ тавассути интернет ва алоқаи мобилӣ далели гуфтаҳои боло мебошад.Ҷонибҳо аз баргузории мулоқоти мазкур ва ҳамкориҳои судбахш байни ин ду ташкилоти бонуфузи молиявӣ ибрози назар карда, боло бурдани сатҳи хизматрасониҳоро дар миқёси ҷумҳурӣ аз вазифаҳои асосӣ арзёбӣ намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






