Чаро фарзандони роҳбарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб намешаванд?

Ноябрь 16, 2011 12:59

Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — То имрӯз нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонони солҳои таваллудашон 1984-1993 ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Суғд 80,7 фоиз иҷро гардидааст.Дар ин самт бахусус комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Шаҳристон, Зафаробод ва шаҳри Табошар тавонистанд нақшаи худро пеш аз мӯҳлат иҷро кунанд. Аммо дар шаҳру ноҳияҳои Исфара 63,8 фоиз, Панҷакент 71,1 фоиз, Мастчоҳ 72 фоиз, Хуҷанд 73 фоиз, Конибодом 74,9 фоиз, Истаравшан 77,5 ва Б.Ғафуров 77,8 фоизи даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбӣ гусел шудаанду халос.Ба иттилои комиссариати ҳарбии вилоят, бо сабабу баҳонаҳои гуногун 388 нафар роҳбари зинаҳои гуногун дар шаҳру навоҳии вилоят фарзандонашонро аз хизмати ҳарбӣ боздоштаанд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мутобиқи нақша даъват ба сафи қисмҳои ҳарбӣ бояд дар вилоят то 18 ноябри соли равон таъмин гардад.

Ноябрь 16, 2011 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад