Чин роҳбарони ҷавонони Аврупою Осиёро муттаҳид мекунад
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай, Федератсияи ҷавонони умумии Чин ва Иттифоқи Коммунистии Ҷавонони Чин ба манзури расонидани мадад ба таҳкими ҳамбоварӣ ва дӯстии байни роҳбарони ҷавони минтақаи Аврупою Осиё ва мусоидат ба табодули байналмилалӣ ва ҳамкории созмонҳои ҷавонон аз 23 ноябр то 6 декабри соли 2011 дар Чин лоиҳаи «Сафар ва бозомӯзӣ барои роҳбарони ҷавони минтақаи Аврупо ва Осиё»-ро созмон медиҳанд.Аз Тоҷикистон дар ин чорабинӣ 6 нафар иштирок ва аз шаҳрҳои Пекин, Чунсин ва Шанхай дидан карда, бо вазъи умумии сиёсӣ ва сиёсатмадорони шинохтаи Чин, созмонҳои ҷавонони кишвар ва кори онҳо бо ҷавонон, сиёсати дипломатии Чин ва вазъи рушди Созмони Ҳамкории Шанхай тавассути силсиламаърӯзаҳо, сӯҳбатҳо, мулоқот, таҳқиқот ва чорабиниҳои дигар шинос мешаванд ва лоиҳаи «Рушди Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай»-ро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






