Чорабинии тантанавии фарҳангӣ бахшида ба 20-солагии ИДМ
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дар шаҳри Вена бо ташаббуси Сафорати ҶТ дар Австрия ва сафоратҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чорабинии тантанавии фарҳангӣ бахшида ба 20-солагии ИДМ бо иштироки намояндагиҳои дипломатии кишварҳои номбурда, масъулини ҳукумат ва сохторҳои давлативу ҷамъиятии кишвари иқомат, корпуси дипломатӣ ва ҳамватанон барпо гардид.Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар оғози чорабинӣ сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Австрия Нуриддин Шамсов ба ҳайси намояндаи Раёсати амалкунандаи ИДМ зимни суханронӣ ба таври мухтасар доир ба роҳи тайнамудаи Иттиҳод тайи 20 сол, натиҷаҳо ва қарорҳои Саммити ҷашнии ИДМ, ки 3 сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе барпо гардида буд, ибрози назар намуд. Қайд гардид, ки Эъломияи Душанбе дастоварду муваффақиятҳои созмонро тайи марҳилаи гузашта ҷамъбаст ва самтҳои минбаъдаи ҳамкории самарабахшро миёни кишварҳои аъзои ИДМ мушаххас намуд.Сипас қисми фарҳангии чорабинӣ иборат аз намоишгоҳи аксҳо, намоишгоҳи китоб ва намоишгоҳи таомҳои миллии кишварҳои аъзои ИДМ шурӯъ гардид. Сафорати Тоҷикистон дар Австрия дар ҳар се бахши намоишгоҳ ширкат варзид. Дар бахши аввал аксҳо аз ҳаёти мардуми тоҷик, дастовардҳои иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар қисмати намоишгоҳи китоб ҳозирин бо намунаҳои асарҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, бадеӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии кишвар ошно гардиданд. Намунаҳои таомҳои миллии тоҷикӣ дар бахши сеюми чорабинии фарҳангӣ боиси истиқболи васеъ қарор гирифта, меҳмонон ба онҳо баҳои баланд доданд.Манбаъ, ҳамчунин хабар дод, ки дар анҷоми чорабинӣ сарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои аъзои ИДМ пешниҳод намуданд, ки минбаъд чорабиниҳои номбурда ба таври мунтазам дар шаҳри Вена барпо карда шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






