Дар машқҳгоҳи Лоҳур лавозимоти ҷангӣ нест карда шуд
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мархабо Зунунова). – 10 ноябр дар майдонҳои махсуси машқгоҳи Лоҳур воқеъ дар 30 километраи шаҳри Душанбе амалиёти нобуд сохтани лавозимоти ҷангие, ки мӯҳлати муқарраршудаи нигаҳдориаш гузаштааст, анҷом ёфт.Дар ин бора роҳбари гурӯҳи таъминоти иттилоотии Округи марказии ҳарбии шаҳри Душанбе капитан Дмитрий Матушкин ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Тайи 10 рӯз бо усули тарконишу оташзанӣ ҷамъ беш аз 72 тонна лавозимоти ҷангӣ нест карда шуд. Раванди нобуд сохтани лавозимоти ҷангӣ ва поккории машқгоҳ таҳти назорати ҳайати фармондеҳони Округи марказии ҳарбӣ ва прокуратураи харбии гарнизони шаҳри Душанбе қарор дорад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






