Дар рӯзҳои ид нерӯи барқ маҳдуд карда намешавад
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо супориши Ҳукумати ҶТ Ширкати саҳҳомию холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Конститутсия (Сарқонун) ва Иди Қурбон тасмим гирифтааст, ки аз соати 14.00-и 5 ноябр то соати 22.00-и 6 ноябр сокинони ҷумҳуриро бидуни маҳдудият бо нерӯи барқ таъмин намояд.Дар ин бора роҳбари хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.«Барои амалӣ намудани ин тадбир истифодаи обанбори Норак ба таври аниқ ба ҳисоб гирифта шуда ва аз ҷониби сокинон сарфакорона истифода шудани нерӯи барқ ба назар расид», хабар дод манбаъ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






