Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҷопон ба дидори ҳам мераванд
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Олимҷон Рафиков барои бозиҳои интихобии ҷоми ҷаҳон бо дастаҳои Ҷопон ва Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 11 ва 15 ноябр баргузор мегарданд, ҳайати дастаи мунтахабро муайян кард. Нисбат ба бозиҳои пешина ин навбат Олимҷон Рафиков ба ҳайати даста нимҳиммоятгар Илхом Ортиқовро аз ССКА «Помир» ва ҳамлагар Наврӯз Рустамовро аз «Равшан»-и Кӯлоб даъват накарда ба ҷои онҳо чор бозингари дигар, муҳофизатгар ва нимҳимоятгар Аҳтам Назаров ва Абдусамад Хоҷибоевро аз «Энергетик», Идибек Ҳабибуллоевро бо ҳамлагар Аҳтам Ҳамроқулов аз дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хайр» ба қатори бозингарон дохил кард. Имрӯзҳо даста дар варзишгоҳи «Авиатор» ба ин бозиҳо тайёрӣ мебинад. Бозӣ бо дастаи мунтахаби Ҷопон рӯзи 11 ноябр дар варзишгоҳи марказии пойтахт дар соати 14 баргузор хоҳад шуд .








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






