ДДО 80-сола шуд

Ноябрь 15, 2011 16:16

Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зарина Саидова).- Имрӯз Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ 80 сола шуд. Ба ифтихори ин ҷашн дар донишгоҳ конфронси байналмилалии илмию назариявӣ баргузор гардид. Конфронсро ректори донишгоҳ З. Шарифов ифтитоҳ бахшида, перомуни фаъолияти пурсамари донишгоҳ ва саҳми устодону олимони он дар рушди илм ва тарбияи мутахассисони ҷавон сухан гуфт. Дар ҷаласа вазири маорифи кишвар Абдуҷаббор Раҳмонов, меҳмонон аз хориҷи кишвар ва устодону шогирдон иштирок намуданд.Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи омӯзгории пойтахт 18 июни соли 1932 таъсис ёфта, дорои 13 факулта ва 47 ришта мебошад. Ин махзани илму адаб ҳамасола барои муассисаҳои таълимии кишвар мутахассисони варзида тайёр менамояд.

Ноябрь 15, 2011 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд