Дурагакунии бузҳо дар Шӯрообод

Ноябрь 26, 2011 09:54

Шӯрообод, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар Шӯрообод аз ҷуфткунии бузи кӯҳии пармашох ва бузи хонагӣ як насли нави буз пайдо шудааст. Исломшоҳ Шоев, мувини раиси ноҳияи Шӯрообод изҳор дошт, ки тайи панҷ соли охир олимон ва чорвопарварони маҳаллӣ ба дурагакунии бузҳои маҳаллӣ бо бузҳои пармашох машғул буданд. Ба гуфтаи ӯ, ин кор ба хотири наҷоти бузи пармашох, ки дар «Китоби сурх» ҳамчун нодиртарин бузи кӯҳӣ сабт шудааст, амалӣ карда шуд. Масъулин умед доранд, ки бо дурагакунии ин навъи буз ва гирифтани насли тоза бузи пармашох аз нобудшавӣ наҷот меёбад.

Ноябрь 26, 2011 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад