Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳзода Карим Оғохони 4 меҳмонхонаи «Душанбе-Серена»-ро ба истифода доданд

Ноябрь 1, 2011 16:11

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –Имрӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳзода Карим Оғохони 4  бо буридани навори рамзӣ бинои нави  меҳмонхонаи Душанбе-Серена»-ро   расман ифтитоҳ намуданд Меҳмонхонаи «Душанбе-Серена» дар кӯчабоғи асосии шаҳр- хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир шуда, он ҳамчун меҳмонхонаи боҳашамати  панҷситорадори пойтахт ба анъанаи меҳмоннавозии Тоҷикистон ҳусни бештар зам менамояд. Намои ҷозиби иморат сабки ба худ хоси  меъмории тоҷикиро дорост.Меҳмонхонаи  панҷситорадори  «Душанбе-Серена» дар масоҳати  1, 2 гектар замин бунёд гашта, дорои  85 ҳуҷраи истиқоматӣ мебошад, ки  48 адади онро ҳуҷраҳои аълодараҷа ва панҷтояшро ҳуҷраҳои  президентӣ ташкил медиҳанд.  Ҳамчунин меҳмонхона даҳ ҳуҷра барои истиқомати кӯтоҳ ва дарозмуддат дорад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи меҳмонхона  сохтмони  ин меҳмонхонаи   бузургро самараи мушаххаси ҳамкориҳо арзёбӣ намуда, ба Карим Оғохон ва масъулини «Созмони Оғохон оид ба рушд» барои бунёди чунин меҳмонхонаи  зебою замонавӣ  арзи сипос кард.  Тавре ки зикр гардид, «Душанбе-Серена»  аз  9 ошёна иборат буда,  дар ошёнаҳои 1 ва 9 -уми он тарабхонаҳои   «Рӯдакӣ»-ю «Кӯҳсор» ва ҳавзи манзаравӣ мавҷуданд. Меҳмонхона инчунин толори конфронсии «Миллат» бо ғунҷоиши  200 ҷойи нишаст дорад, ки  он барои баргузории   чорабиниҳои гуногун, аз қабили конфронсҳо, ҷаласаҳо, тӯйҳо ва зиёфатҳои дипломатӣ пешбинӣ шудааст.   Сақфҳои меҳмонхона дорои  нақшу нигори ранга буда, ҳунари  қадимии тоҷикиро намоиш медиҳанд. Меҳмонхона  4 маҷлисхонаи мухталифро, ки барои баргузории чорабиниҳои гуногун мусоид мебошад, ба меҳмонон пешниҳод намудааст.«Маиша Spa» ва клуби солимӣ дар ошёнаи 8 меҳмохона ҷойгир шудааст ва дорои  васоити ҷудогона барои мардҳо ва занҳо мебошад, ки толори гимнастикии муҷаҳҳаз, 2 утоқи сауна, 2 утоқи бухорӣ (буғсардиҳанда), лонҷи истироҳатӣ, утоқҳои табобатӣ, ҳавзи шиноварии болои бом аз ҷумлаи онҳост.Иншоооти мазкур аз ҷониби ширкати маъруфи меъморӣ ва тарҳрезии дохилии «Le Groupe Arcop», мустақар дар шаҳри  Монреали  Канада тарҳрезӣ  ва бо маблағи беш аз 165 миллион сомонӣ сохта шуда, фармоишгари он Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Туризм промоушн сервисиз» мебошад, ки яке аз ширкатҳои фаръии Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодист.Дар маросими ифтитоҳи меҳмонхона  Шоҳзода Карим Оғохони 4 чунин таъкид намуд: «Мо итминон дорем, ки дар ояндаи наздик  Тоҷикистон дар ҷаҳон нақши муҳимро хоҳад бозид. Бо рушди ин раванд мо умедворем, ки  бинои нави зебои меҳмонхонаи «Душанбе –Серена» таҷассумгари рӯҳияи  бостонии ин кишвар, макони меҳмоннавозӣ ва қабули меҳмонони Тоҷикистон мешавад ».Зикр карда шуд, ки дар айни ҳол  дар меҳмонхона 180 нафар кор мекунанд, ки 90 фоизашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва дар оянда роҳбарият кӯшиш мекунад, ки тамоми кормандони меҳмонхона  сокинони маҳаллӣ бошанд. «Устувор намудани инфрасохтори Тоҷикистон, рушди тиҷорат, туризм ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба ин мамлакат мақсади асосии фаъолияти меҳмонхона мебошад», -гуфт зимни суханронӣ  Карим Оғохони 4.«Душанбе-Серена» аввалин меҳмонхонаи ба худ хос дар Тоҷикистон буда, таҷассумгари  меросу фарҳанги тоҷикон мебошад. Он дорои қаҳвахонаи «Сӯзанӣ», чойхонаи «Машрабия»,    хонаҳои бағоҷнигоҳдорӣ, қабули кортҳои кредитӣ, интернети бесим  ва маркази тиҷорат аст, ки бо дастгоҳҳои замонавиаш ҷавобгӯйи  талаботи сайёҳон мебошад.«Душанбе-Серена» инчунин маркази корпоративиро барои ширкатҳои байналмиллалии баландсоҳа ва намояндагиҳои дипломатӣ пешниҳод менамояд. Меҳмонхона, ки дар сатҳи меъёрҳои  байналмиллалӣ бунёд шудааст, масоҳати умумии 915 метри мураббаъро дар ҳудуди 5 ошёна ҳамчун дафтари корӣ ( офисҳо) пешниҳод намудааст.

Ноябрь 1, 2011 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст