Эътирози кассатсионӣ нисбат ба ҳукми суди шаҳри Қурғонтеппа
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -Маркази ахбори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бинобар вазнин будани ҷазо ба ҳукми суди шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон аз 8 ноябри соли 2011 аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории шаҳрванди Федератсияи Русия Садовничий В.В. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Эстония Руденко А., ки дар содир намудани ҷиноятҳои пешбинишуда дар моддаҳои 218 (вайрон кардани қоидаҳои парвози байналмилалӣ), 289 (қочоқ бо роҳи рахна кардани сарҳади гумрукӣ) ва 335 (ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба мӯҳлати 8 солу 6 моҳӣ аз озодӣ маҳрум гардида буданд, аз тарафи айбдоркунандаи давлатӣ – корманди прокуратураи вилояти Хатлон эътирози кассатсионӣ оварда, барои баррасӣ тавассути суди марҳилаи якум ба суди вилояти Хатлон ирсол карда шудааст.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






