Фақат маълумотнокии соҳаи энергетикӣ лозим

Ноябрь 16, 2011 09:29

Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия», ки соли 2010 қабул шудааст, аз зумраи қонунҳоест, ки муносибатҳои ҳуқуқиро байни мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия танзим менамояд,- иброз дошт дотсенти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ А. Абдураҳмонов ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба гуфти олим, Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 фоизи захираҳои энергетикии Осиёи Марказиро дар бар мегирад ва мо имкон дорем ин 60 фоизро дар ҳаёти иқтисодию маишӣ пурра истифода намоем.Бо дастрасии қонуни мазкур моро лозим аст аз захираю манбаъҳои барқароршавандаи нерӯи офтоб, бод ва ҷараёни об ба таври самарабахш истифода барем.Тоҷикистон дар давоми сол беш аз 300 рӯзи офтобӣ дорад, ки барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобию бодӣ хеле мусоид аст, аммо бобати тартиби амалкунандаи гирифтани иҷозатномаи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар кишвар маълумотнокии кормандони мақомоти гуногун вобаста ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия чандон мукаммал нест. Аз ин рӯ зарур аст барои баланд бардоштани маълумотнокии энергетикӣ миёни аҳолӣ ва идораю ташкилоту муассисаҳо бештар саъю талош варзем,- афзуд олим.

Ноябрь 16, 2011 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад