Фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар «Ситораҳои Хуҷанд»
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд», дар маҳаллаҳои 12-ум ва 20-уми шаҳр ва дар шаҳрҳои саноатии Чкалов, Табошару Қайроққум намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ маводи ниёзи мардум, аз қабили орд, гӯшт, биринҷ, шакар, асал, мош, лӯбиё, тухм, моҳӣ, сабзавот, мевагиҳо ва консерва пешкаши аҳолӣ карда шуд. Аз ҷумла, дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» 62,2 тонна, дар маҳаллаи 20-ум 72,4 тонна, дар маҳаллаи 12-ум 22,4 тонна, дар шаҳри Чкалов 35,2 тонна, дар Табошар 12,4 ва дар Қайроққум 41,7 тонна, дар маҷмӯъ 246 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба фурӯш бароварда шуд. Ин маҳсулот бо нархи аз бозорҳои шаҳри Хуҷанд 20-30 фоиз арзон дастраси мардум гардид. Ҳамчунин дар намоишгоҳ аз тарафи КВД «Захираҳои моддии вилояти Суғд» 17,5 тонна орд, шакар ва биринҷ пешкаши аҳолӣ карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






