Хабарҳо аз хориҷи кишвар

Ноябрь 11, 2011 11:25

Назар ба хабари Комиссияи марказии интихоботӣ Ҷумҳурии Либерия, хонум Элен Ҷонсон-Серлиф, ки соли 2011 ҷоизи мукофоти Нобелии сулҳ гардид, дар даври дуюми интихоботи президенти кишварa, беш аз 90фоизи овозҳоро ба даст овард.  Уинстон Табмени мухолиф ва ҷонибдорони ӯ интихоботро таҳрим карданд. ********Низомиёни Мексика яке аз машҳуртарин қочоқчиёни маводи нашъаовар Овидио Лемона Санчесро дастгир намуданд. Фаъолияти асосии Санчес иборат аз интиқол додани хокаи кокаин аз қаламрави Мексика ба Калифорния буд. **********Суди ҳарбии Амрико сержант Келвин Гиббсро барои куштани се нафар сокинони осоиштаи вилояти Қандаҳори Афғонистон айбдор намуд. Акнун Келвин Гиббсро ҳабси якумра таҳдид мекунад.**********Бар асари оташфишонӣ дар корхонаи ҳавопаймосозии шаҳри Куновитсаи Чехия се нафар ҳалок гардида ва шаш нафари дигар захм бардоштааст. Марде, ки номаш ҳанӯз ифшо намешавад, дар яке аз биноҳои корхона оташфишонӣ намуда ва сипас худкушӣ кардааст.

Ноябрь 11, 2011 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2025» баргузор мегардад
Раҳматҷон Раҳматов: «МегаФон Тоҷикистон – танҳо оператори телекоммуникатсионӣ нест»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Муассисаи Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Кӯлоб ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошад
Дар ноҳияи Зафаробод 7 корхонаи қабулу коркарди пахта фаъолият менамоянд
ОЁ МЕДОНЕД? Истеъмоли ангур барои гирифторони иллатҳои дилу гурда ва шуш бештар судманд аст
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сайёҳии Манғистав муаррифӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон туҳфаҳои аввалини иқдоми «МегаМиллион»-ро тақдим намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист