Хабарҳо аз хориҷи кишвар

Ноябрь 15, 2011 14:28

Британияи Кабир омода аст, ки барои муҳофизати шаҳри Лондон дар давраи гузаронидани Олимпиадаи соли 2012 мушакҳои мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоиро истифода намояд. Чунин тадбирҳои бехатарӣ боиси тааҷҷуб нестанд. Масалан, соли 2008 ҳукуматдорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳангоми Олимпиадаи Пекин мушакҳоро ба ҳолати омодабош оварда буданд.*************Зимни задухурд байни қувваҳои амниятии Сурия ва гурезаҳои мусаллаҳи ин кишвар камаш 12 сарбоз ҳалок гардид. Ҳамзамон, низомиён дар музофоти Дараъ сокинони осоиштаро аз истеҳкомҳо оташборон намуданд, ки бар асари он 16 нафар ҳалок шуд. Дар минтақаҳои дигари кишвар боз 12 нафар суриягиҳо кушта шудаанд.*************Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интихоботи президенти Иристони Ҷанубиро ғайриқонунӣ эълон кард. Қаблан ҳукуматдорони ИМА борҳо изҳор дошта буданд, ки соҳибихтиёрии Иристони Ҷанубӣ ва Абҳозистонро эътироф намекунанд ва онҳоро ҷузви Гурҷистон мешуморанд. Иттиҳоди Аврупо ва Гурҷистон ҳам интихоботи Иристони Ҷанубиро ғайриқонунӣ донистаанд.**************Шаби 14 ноябр дар киштии «Сергей Абрамов», ки дар бандари дарёии шаҳри Маскави Русия лангар партофта буд, сӯхтор сар зад. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, бар асари ин ҳодиса 4 нафар осеб дидааст. Аз хусуси ҳалокшудагон ҳанӯз хабар дода намешавад.

Ноябрь 15, 2011 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд