Хабарҳо аз хориҷи кишвар
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Бар асари намоишҳои оммавӣ ва задухӯрҳои эътирозкунандагон, ки дар ҷараёни онҳо 24 кас ҳалок гардид, 21 ноябр ҳукумати Миср истеъфо дод. Дар бораи истеъфои ҳукуматро қабул кардани Шӯрои Олии қувваҳои мусаллаҳи Миср ҳанӯз хабар дода намешавад.хххДастаи мунтахаби волейболбозони Русия дар бозиҳои интихобӣ барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон, ки дар Ҷопон сурат мегирад, ғалабаи дуюмро ба даст оварданд. Волейболбозони Русия ин дафъа дастаи мунтахаби Чинро бо ҳисоби се бар сифр мағлуб сохтанд. хххПрезиденти Беларус Александр Лукашенко лоиҳаи қонунро дар бораи тасдиқи Шартномаи Комиссияи иқтисодии Аврупо ва Осиё, ки онро 18 ноябр президентҳои Беларус, Русия ва Қазоқистон дар шаҳри Маскав имзо карда буданд, ба Палатаи намояндагони Маҷлиси Миллӣ пешниҳод намуд. хххАҳволи саломатии собиқ сарвазири Украина, роҳбари ҳизби «Баткившина» Юлия Тимошенко, ки дар зиндони Лукяновск мебошад, хеле бад шудааст. Дар ин бора ваколатдори Радаи Олӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон Нина Карпачёва хабар дод. хххСарвазири Федератсияи Русия Владимир Путин дар ҷараёни «Конфронси матбуоти мардумӣ» маротибаи ёздаҳум ба саволҳои шаҳрвандон ҷавоб медиҳад. Чунин конфронсҳои матбуот ҳар сол дар нимаи дуюми моҳи декабр баргузор мешаванд. хххКиштии идорашавандаи кайҳонии «Союз ТМА – 02М» дар наздики шаҳри Орқолиқи Қазоқистон фуруд омад. Киштӣ кайҳоннаварди Русия Сергей Волков, кайҳоншиноси Амрико Майкл Фоссум ва кайҳоншиноси Ҷопон Сатоси Фурукаваро аз стансияи кайҳонии байналмилалӣ ба Замин овард.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






