Хабарҳои кӯтоҳи футбол дар таҳияи Аловиддин Бӯриев

Ноябрь 9, 2011 16:11

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Нимҳимоятгари дастаи «Бавария» Анатолий Тимошук, ки дар бозии пешина бо «Аугсбург» аз майдон ронда шуда буд, аз ҳуқуқи иштирок дар се бозии навбатӣ  бо «Борусия», «Майнс» ва «Вердер» маҳрум карда шуд.  Ҳамлагари «Бавария» Арен Робен баъди ҷарроҳӣ дар моҳи октябр  дубора ба машқҳо оғоз кард. Сармураббии даста Юпп Ҳайнкес алҳол вақти кай ба майдон омадани ӯро нагуфтааст. Ҳамлагари тими «Латсио»-и Италия ва дастаи мунтахаби Олмон Мирослав Клозе бино ба лат бардоштани зонуяш дар вохӯрии дӯстонаи дастаи мунтахаби Олмон ва Украина ширкат карда наметавонад.Андреас Ҳулгебаум Перейра,  бозингари 15-солаи белгиягӣ иттилоъ додааст, ки баъди ба синни 16 расидан моҳи январи соли оянда бо дастаи « Манчестер Юнайтед» ба мӯҳлати 3,5 сол шартномаашро ба имзо хоҳад расонд. Ҳоло ин бозингар дар дастаи ПСВ-и Ҳоланд баромад карда, аз 9- солагиаш дар академияи он таҳсил менамояд. Барои харидории  ин бозингар дастаҳои «Челси», «Арсенал» ва «Ливерпул» ҳам талош доранд. Синиша Михайлович баъди 15 моҳи фаъолият аз вазифаи сармураббии «Фиорентина»-и Италия  истеъфо дод. Минбаъд Делио Росси «Фиорентина» — ро машқ хоҳад дод.

Ноябрь 9, 2011 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад