Хабарҳои кӯтоҳи футбол дар таҳияи Аловиддин Бӯриев
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Нимҳимоятгари дастаи «Бавария» Анатолий Тимошук, ки дар бозии пешина бо «Аугсбург» аз майдон ронда шуда буд, аз ҳуқуқи иштирок дар се бозии навбатӣ бо «Борусия», «Майнс» ва «Вердер» маҳрум карда шуд. Ҳамлагари «Бавария» Арен Робен баъди ҷарроҳӣ дар моҳи октябр дубора ба машқҳо оғоз кард. Сармураббии даста Юпп Ҳайнкес алҳол вақти кай ба майдон омадани ӯро нагуфтааст. Ҳамлагари тими «Латсио»-и Италия ва дастаи мунтахаби Олмон Мирослав Клозе бино ба лат бардоштани зонуяш дар вохӯрии дӯстонаи дастаи мунтахаби Олмон ва Украина ширкат карда наметавонад.Андреас Ҳулгебаум Перейра, бозингари 15-солаи белгиягӣ иттилоъ додааст, ки баъди ба синни 16 расидан моҳи январи соли оянда бо дастаи « Манчестер Юнайтед» ба мӯҳлати 3,5 сол шартномаашро ба имзо хоҳад расонд. Ҳоло ин бозингар дар дастаи ПСВ-и Ҳоланд баромад карда, аз 9- солагиаш дар академияи он таҳсил менамояд. Барои харидории ин бозингар дастаҳои «Челси», «Арсенал» ва «Ливерпул» ҳам талош доранд. Синиша Михайлович баъди 15 моҳи фаъолият аз вазифаи сармураббии «Фиорентина»-и Италия истеъфо дод. Минбаъд Делио Росси «Фиорентина» — ро машқ хоҳад дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






