Хизматрасонии нақлиёти мусофирбар беҳбудӣ мехоҳад
Хоруғ, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Хизматрасонии нақлиёти мусофирбар, ҳаракати нақлиёт, танзими нарх дар нақлиёти мусофирбари шаҳри Хоруғ нигаронкунанда аст. Комиссияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят бо назардошти ин вазъиятро дар хатсайру роҳҳои мошингарди шаҳр санҷида, ба чунин хулоса омад, — гуфт мудири шӯъбаи саноат, коммуникатсия ва сохтмони дастгоҳи раиси вилоят Нуриддин Назархудоев. — Теъдоди нақлиёти мусофирбар дар ҳудуди шаҳр аз меъёри муқарраршуда зиёд буда, вале баъзеи онҳо то истгоҳҳои охир намераванд.Раиси шаҳри Хоруғ Иброҳимбек Ғозибеков аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки имрӯз дар хатсайрҳои шаҳр аз ҷумла 180 мошини «Тангем» қисми бештарашон иҷозатнома надоранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






