Хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ беҳтар шуд
Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, ҳаҷми хизмати пулакӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматгузор 4 млрд. 917,6 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 13,4 фоиз зиёд аст.Корхонаю ташкилотҳои расман ба қайд гирифташуда ба маблағи 2 млрд. 483,4 млн. сомонӣ ба аҳолӣ хизмат расонидаанд, ки ин 50,5 фоизи ҳаҷми умумии хизматрасониро ташкил медиҳад.Ба иттилои манбаъ, шаҳри Душанбе аз ҷиҳати хизматрасонӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ афзалият дошта, назар ба нишондиҳандаи миёнаи ҷумҳурӣ 4 баробар зиёд ба аҳолӣ хизмати пулакӣ расонидааст. Аз ҷумлаи корхонаҳои расман ба қайд гирифташуда ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ аз тарафи Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба туризм ва экскурсияи «Тоҷиктуризм» аз ҳама кам — 34,7 млн. сомонӣ, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ -91,5, Ширкати давлатии саҳҳомии холдинги «Барқи тоҷик» — 92,4, Ҷамъияти саҳҳомии «Кафолат» ба андозаи 94,2 млн. сомонӣ ба аҳолӣ хизмат расонидаанд, ки ин мутаносибан ба 0,1,- 0,3 ва 0,2 фоизи хизматрасонӣ ба аҳолиро ташкил медиҳад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






