Иҷозат барои фурӯши маводи психотропӣ

Ноябрь 11, 2011 09:33

Душанбе, 11 ноябр.  ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловрзод).- Бино ба гуфти сардори шӯъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтии вилояти Хатлон Маҳмадҷон Қараев,  танҳо дар минтақаи Қурғонтеппа 246 дорухона фаъолият дорад. Кормандони шӯъбаи давлатии фаъолияти фармасевтӣ аз аввали сол то имрӯз даҳҳо нуқтаҳои доруфурӯшии шаҳрҳои Қурғонтеппаю  Сарбанд, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар, Қубодиён, Қумсангир, Панҷ, Хуросон ва ноҳияи Ёвонро мавриди санҷиш қарор дода, фаъолияти ғайриқонунии 25 нафар соҳибкори  фаъолияти доруфурӯшидоштаро  ошкор ва ҷарима намуданд.Ба иттилои манбаъ, дар минтақа баробари дорухонаҳо се ҷамъият: ҶДММ «Сомонфарм», «Сафарфарма» ва «ал-Савоб» фаъолият намуда ва маводи доруворро асосан аз ФР, Украина ва Ҳиндустон ворид мекунанд.Боиси тазаккур аст, ки дар ин минтақа дорухонаҳое амал мекунанд, ки барои вуруду фурӯши маводи психотропӣ, унсурҳои он  ва доруҳои дар таркибашон моддаҳои нашъаовардошта иҷозатномаи Вазорати тандурустиро доранд,. Аз ҷумла, дорухонаҳои КВД «Хатлонфарматсия» ва ҶСШК «Доруи тоҷик» дорои чунин иҷозатномаанд. Бо гирифтани иҷозатномаи вазорати мазкур дигар ҷамъиятҳои хусусӣ низ метавонанд дар ин самт фаъолият дошта бошанд.

Ноябрь 11, 2011 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад